Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ

04.04.2022

: 540

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” медали биринҷӣ ба даст овард.

Мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Варзишгари дигарамон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт. Комроншоҳ низ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чех (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Луис Крибер Гагнони кандаӣ шикаст хурд.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард: Меҳрзод СӮФИЕВ (-60кг), Абубакр ШЕРОВ (-66кг), Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (-66кг), Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг), Абубкри АКОБИР (-100кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг).

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин панҷум медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ мдали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, дар Чемпионати Осиё/Уқёнус соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 сазовори медали биринҷӣ гардидааст.