Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК МУБОРАК!

10.11.2021

: 525

Паёми табрикии Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!
Бо арзи таманниёти бепоён шуморо ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику муборакбод менамоем ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пурифтихор ба Шумо комёбиҳои беназирро орзумандем.

Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷон манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.

Маҳз ҳамин ҷоннисориву сарсупурдагии онҳост, ки амнияти давлат таъмин аст ва тибқи нишондоди созмонҳои байналмилалии сайёҳӣ Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон ворид гардидааст.

Ногуфта намонад, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баробари иҷрои масъулият, ҳамчунин дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода кардани варзишгарони бомаҳорат саҳми арзанда дорад. Имрӯзҳо дастпарварони Клуби варзишии «Динамо»-и ВКД шарафи варзиши Тоҷикистонро дар хориҷ ҳимоя менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аввалин чемпиони ҷаҳон аз Тоҷикистон низ дастпарвари Клуби «Динамо» мебошад. Дастпарвари клуб Анатолий Тилик соли 1954 дар намуди тирпаронӣ ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтааст.

Баргузории мусобиқаҳои дохиливу байналмилалии варзишӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ боиси тақдир аст.

Итминон дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бори дигар муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният намуда, ба онҳо муваффақияту комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.

Ҷашни ҳомиёни Ватан муборак!