Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: “ИСТИҚЛОЛ” – ОХИРИН ИШТИРОКЧИИ ДАВРИ НИМФИНАЛИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021

18.10.2021

: 524

15 октябр дар бозии даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 5:0 мағлуб намуд.

Голҳоро Салам Ашурмамадов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев, як голи дигарро футболбозони «Файзканд» ба дарвозаи худашон заданд.

Ҳамин тариқ, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бо тими “Эсхата”-и Хуҷанд вомехуранд. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд” доир мегардад.

Бозиҳои аввали даври нимфинал 6-7 ноябр, бозиҳои ҷавобӣ 27-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст.