Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: ҶОИ ПАНҶУМИ СОМОН ДАР “PARIS GRAND SLAM 2021”

18.10.2021

: 188

Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро сазовор шуд.

Мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардид.

Ҷумҳурии моро дар Paris Grand Slam як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ кард.

Ӯ дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал аз Тео Рикюини фаронсавӣ, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Александру Раисуи руминиягӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар вазни -73кг медали тилло насиби Кеншӣ Ҳарада (Ҷопон), медали дигари биринҷӣ насиби Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) гашт.

Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро, ҷои сеюм – 1500 евро.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков – иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.