Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ШУД

НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ШУД НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ШУД НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ШУД НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ШУД

13.06.2021

: 1638

13-уми июн, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ доир шуд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар чорабинӣ ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла варзишгарон аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил дод. Иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд.

Кумитаи тадорукот барои 5 ҷои аввал миёни мардон ва 5 ҷой миёни бонувон ҷоизаҳо муқаррар карда буд.

Миёни мардҳо намояндаи Узбекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид. Ӯ дар Ниммарафни Душанбе низ моҳи апрел ҷои аввалро ишғол карда буд.

Чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон сазовор шуданд. Самариддин Азимов бо натиҷаи 1:14.17 ҷои дуюм, Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.41 ҷои сеюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 1:17.27 ҷои чорум ва Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:17.41 ҷои панҷумро мушарраф гардиданд.

Миёни бонувон низ намояндаи Узбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақови аввалро ишғол кард. Чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд: Маҳина Баротова бо натиҷаи 1:34.09 ҷои дуюм, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:38.12 ҷои сеюм, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:45.15 ҷои чорум, Манижаи Рамазон бо натиҷаи 1:48.23 ҷои панҷумро сазовор шуданд.

Кумитаи тадорукот барои ҷои аввал 1500 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 800 доллар, барои ҷои сеюм 600 доллар, барои ҷои чорум 500 доллар ва барои ҷои панҷум 300 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин ба иштирокчиён медали хотиравии Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ дар Душанбе супорида шуд.