Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶОИ ҲАФТУМРО САЗОВОР ШУД

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶОИ ҲАФТУМРО САЗОВОР ШУД ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶОИ ҲАФТУМРО САЗОВОР ШУД ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶОИ ҲАФТУМРО САЗОВОР ШУД

13.06.2021

: 697

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо, ки 6-13 июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон доир гашт, ҷои ҳафтумро ишғол намуд.

Ин беҳтарин натиҷаи варзишгарони мо дар чемпионат мебошад. Қаблан 4 варзишгари дигарамон – Шукрона Қарчиева (-49кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Акмал Муродов (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) дар даври аввал, Комроншоҳ Устопириён пас аз ду ғалаба бар намояндагони Габон ва Перу дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия мағлуб шуданд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Полша Масией Сарнаки, дар даври сеюм бар намояндаи Қазоқистон Ерасил Кажибаев ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Россия Темурлан Басаев, ки медали нуқраи чемпионатро гирифт ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Рой Мейер шикаст хурда, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.

Аз 118 давлати иштирокчӣ варзишгарони 27 давлат тавонистанд соҳиби медал гарданд. Варзишгарони 10 давлат ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтанд.

Варзишгарони Ҷопон чу ҳамеша пешсафиро ба даст гирифта, 5 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Гурҷистону Испания бо 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор шуданд.

Ин охирин мусобиқаи ҷудо пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд. Бо натиҷагирӣ аз чемпионати ҷаҳон то 28 июн радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки дар асоси он 18 нафари аввали ҳар вазн, бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар, ҳуқуи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд. Ҳамчунин 100 ҷой тариқи радабандии қитъавӣ тақсим карда хоҳад шуд.