Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: НАТИҶАҲОИ ДАВРИ ҲАШТУМ

24.05.2021

: 691

21-22 май се бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Куктош” дар бозии хонагӣ тими КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Шервонӣ Мабатшоев аз тими артиш дар дақиқаи 21-уми дидор аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа аз тими мизбон ду гол ба номаш сабт кард. Голи дигари “Куктош”-ро Шарафҷон Солеҳов зад.

Бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд” – “Душанбе” мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Нимаи аввал бе гол ба анҷом расид. Абдухалил Боронов дар дақиқаҳои 53 ва 63 ду гол зада, “Файзканд”-ро ба пеш баровард. Вале душанбегиҳо тавассути Ораз Ғаюров дар дақиқаи 71 ҳисобро тағйир доданд. Бозингари “Файзканд” Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 83 ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигар “Истаравшан” дар майдони худ аз тими “Хатлон” мағлуб шуд – 1:2. Худойдод Узоқов ва Тоҳирҷон Тағойзода ба нафъи бохтариҳо ду гол заданд. Отабек Каримов аз тими мизбон дар дақиқаи 90+8 як голи истаравшаниҳоро зад.

Ду бозии дигари даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Равшан” ва “Эсхата” – “Хуҷанд” ба вақти дигар гузаронида шудааст.


ДАСТАҲО Б    Ғ    М    Б    Т     Т     ФТ    Х    
1. "ХУҶАНД" (ХУҶАНД) 6 4 1 1 14 5 +9 13
2. "ХАТЛОН" (БОХТАР) 7 3 3 1 9 6 +3 12
3. "КУКТОШ" (РӮДАКӢ) 8 3 2 3 10 14 -4 11
4. "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 7 2 3 2 12 14 -2 9
5. "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 6 2 3 1 7 6 +1 9
6. "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 7 2 2 3 11 11 0 8
7. "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН)     7 2 2 3 8 9 -1 8
8. "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 3 2 1 0 4 1 +3 7
9. "РАВШАН" (КӮЛОБ) 6 1 2 3 5 8 -3 5
10. КМВА (ДУШАНБЕ) 7 1 1 5 6 12 -6 4