Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШАҲРИЁР ДАМИНОВ НАТАВОНИСТ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГИРАД

ШАҲРИЁР ДАМИНОВ НАТАВОНИСТ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГИРАД ШАҲРИЁР ДАМИНОВ НАТАВОНИСТ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГИРАД

22.05.2021

: 2076

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ натавонист роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст орад.

Охирин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳон буд, ки дар шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия ҷараён дорад.

Варзишгарон дар ду рӯзи аввали чорабинӣ 20-21 май дар шаш мусобиқа - С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) барои шаш роҳхати олимпӣ талош карданд, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр.

Шаҳриёр дар сабқати гурӯҳӣ миёни шаш нафар бо натиҷаи 04:14.931 чорум шуд. Дар нимфинал бошад, миёни 9 нафари гурӯҳи якум бо натиҷаи 04:18.393 нуҳум шуда, ба марра расид ва ба финал роҳ наёфт. Роҳхати олимпиро дар ин мусобиқа (С-1 1000 метр) намояндаи Арманистон Сергей Тарновский бо натиҷаи 04:14.861 сазовор шуд.

Дар дигар мусобиқаҳо дар Барнаул намояндагони Литва (К-1 200м - мардҳо), Чин (К-1 1000м - мардҳо), Россия (К-1 200м - бонувон), Португал (К-1 500м - бонувон), Хорватия (С-1 200м - бонувон) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд.

Умуман, дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 248 нафар дар Олимпиадаи Токио ширкат мекунанд. Дар натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ варзишгарони 58 давлат роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро мушарраф гаштаанд.