Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” МАВҚЕАШРО ДАР ҶОИ ДУЮМИ ГУРӮҲИ “А” НИГОҲ ДОШТ

22.04.2021

: 634

Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол – “Истиқлол”-и Душанбе аввалин бохташро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дар гурӯҳи “А” таҷриба кард.

Дар даври сеюм душанбегиҳо муқобили чемпиони секаратаи Лигаи чемпионҳои Осиё – клуби “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ вориди майдон шуданд.

Бозӣ бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи чемпиони Арабистони Саудӣ хотима ёфт. Голро дар ҳайати “Истиқлол” ҳимоятгар Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 41-ум зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ АГМК (Узбекистон) бар дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (АМА) бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Бо ҳамин якум давраи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “А” анҷом ёфт. То 2-юми май бозиҳои ҷавобии дастаҳо баргузор мешавад.

Ҳамин тариқ, дар даври чорум дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” дар Риёз бори дигар вомехуранд. Ин бозӣ 25 апрел, соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 3-юм давр

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1
Голҳо: Алӣ Булайҳӣ, 39 (1:0). Ваҳдат Ханонов, 41 (1:1). Ҳаттан Баҳебрӣ, 52 (2:1). Ҳаттан Баҳебрӣ, 64 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Ваҳдат Ханонов, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 68), Шаҳром Сулаймонов (Шарифбек Раҳматов, 88), Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 88).

21 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.


АГМК (Узбекистан) – «Шабаб Аль-Ахли Дубай» (ОАЭ) – 2:1

     Б   Ғ   М   Б   Т-Т   Х 
 1   "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ)    3  2  1  0  7-3  7
 2  "ИСТИҚЛОЛ" (ТОҶИКИСТОН)  3  1  1  1  4-5  4
 3  АГМК (Узбекистон)  3  1  1  1  6-6  4
 4  "Шабоб Ал-Аҳлӣ" (АМА)  3  0  1  2  1-4  1