Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛ ГИРИФТАНД

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛ ГИРИФТАНД ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛ ГИРИФТАНД ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛ ГИРИФТАНД ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛ ГИРИФТАНД

19.04.2021

: 5327

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), ки 13-18 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир шуд, як медал гирифтанд.

Рӯзи аввали чемпионат узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқра гардид.

Ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад.

Дар ин равия се варзишгари дигарамон – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг, Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ва Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг ҷои панҷумро гирифтанд.

Дар гуштини тарзи озод варзишгаронамон бемедал монданд. Натиҷаи беҳтарро Баҳодур Қодиров нишон дод. Ӯ дар вазни 86кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштин дар ҳайати 11 нафар – Ҳикматулло Воҳидов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарипов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (125кг) дар равияи гуштини озод, Асламҷон Азизов (55кг), Шероз Очилов (67кг), Муслиҳиддин Уроқов (72кг), Далер Ризозода (77кг), Тоҳирҷон Охунов (87кг), Амирҷон Ҷураев (97кг) дар равияи юнонӣ-римӣ ширкат намуданд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин соли 2020 дар Деҳлии Ҳиндустон варзишгарони мо чор медал – ду нуқра, ду биринҷӣ ба даст оварда буданд.