Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ АВВАЛИН ВА ТАЪРИХИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ

19.04.2021

: 691

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими АГМК-и Узбекистон ғалаба карда (3:2), пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт.

Голҳоро дар ҳайати “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро легионери сербиягии АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои Осиё-2021 тими Душанбе бо дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ (0:0) бозӣ карда буд.

Дар бозии дигари давр дуюми гурӯҳи “А” клуби “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бар тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Пас аз натиҷагирии ду давр “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо 4-холӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021, 21 апрел “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вомехурад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2


   ДАСТАҲО    Б   Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1   "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ)   2  1  1  0  4-2  4
 2  "Истиқлол" (Тоҷикистон)  2  1  1  0  3-2  4
 3  АГМК (Узбекистон)  2  0  1  1  4-5  1
 4  "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" (АМА)  2  0  1  1  0-2  1