Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД

ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД

17.04.2021

: 716

17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари давандҳои Тоҷикистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Бразил, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Руссия ва Эфиопия ширкат карданд.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки маротибаи ёздаҳум доир мегардад, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид шудааст.

Мусобиқа аз соли 2010 ҳар сол ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, оммавияти варзиш, ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ, солимии ҷомеа ва дӯстии миллатҳо баргузор мешавад.

Имсол бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани Ниммарафони байналмилалии Душанбе бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 493049 сомонӣ ҷудо гардид.

Дар асоси низомномаи мусобиқа ба 6 ҷои аввал ҳам миёни мардон, ҳам миёни бонувон ҷоизаҳои пулӣ тақдим гардид.

Ғолибон ва ҷоизадорони XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе:

МАРДҲО
1. Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
2. Ҷилма Тилаҳум (Эфиопия)
3. Адлет Қиштаубеков (Қирғизистон)
4. Ғайрат Олимов (Тоҷикистон)
5. Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)
6. Аъзамҷон Давлатов (Тоҷикистон)

БОНУВОН
1. Даря Маслова (Қирғизистон)
2. Вероника Гришина (Ӯзбекистон)
3. Зулҳиҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон)
4. Маҳина Баротова (Тоҷикисон)
5. Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)
6. Нодира Мирзоева (Тоҷикистон)