Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали биринҷии Комроншоҳ дар Анталия

08.04.2019

: 1288

Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Gran Prix Antalya 2019” 5-7 апрел баргузор шуд.
Комроншоҳ дар вазни -90кг дар рӯзи сеюми мусобиқа гуштин гирифт. Ӯ дар дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Молдова Лурио Мокану, дар даври сеюм бар намояндаи Эстония Клен Кристофер Калҷулайд ғалаба карда, дар даври чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Автандилӣ Тчирикишвилӣ шикаст хурд. Комроншоҳ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Белорус Йаҳор Варапайеу ва дар қувваомзмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Исроил Итай Голан дастболо гардида, медали биринҷиро ба гардан овехт.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия соли 2018 медали тилло ва соли 2017 медали нуқра ба даст оварда буд.
4 варзишгари дигари мо – Хайёмиддин Ҷабборов, Ёқубҷон Боқиев (-66кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) дар даврҳои аввал аз рақибонашон мағлуб гарданд.
Дар мусобиқа 479 варзишгар (291 мард, 188 зан) аз 75 давлати дунё ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷои 28-ум мавқеъ ёфт. Гурҷистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввал, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ин сеюм медали дзюдочиёни тоҷик дар силсила-мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад. Қаблан Беҳрӯз Хоҷазода дар Гранд Слами Екатеринбург ва Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш сазовори медалҳои биринҷӣ гардида буданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо 20-23 апрел дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Мавқеи дзюдочиёни тоҷик дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо баъд аз Гран Прии Анталия: