Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

6 апрел – Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт

6 апрел – Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт 6 апрел – Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт 6 апрел – Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт

06.04.2019

: 1079

Мусоидат дар баробарҳуқуқии сокинон, рушди ҷомеа ё тағйир додани ҳаркатҳои иҷтимоӣ, нақши варзиш дар пешрафти ҷомеа нисбат ба ҳар вақти дигар бузург аст – Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт бо ҳамин мақсад таҷлил мешавад.

Дар ин бора Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 23 августи соли 2013 қарор қабул кард ва 6 апрел барои тавассути варзиш дар муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат кардан, сабур будан, ҳамкорӣ ва рушд имкон фароҳам меорад.
Дар ҳамон ҷаласаи СММ гуфта шуд, ки варзиш забони байналмилалӣ мебошад, ки гурӯҳи одамон ва миллатҳоро новобаста ба андешаҳои гуногун доштанашон муттаҳид мекунад, имкониятҳои ҷавононро густариш медиҳад ва дар саломатии одамон мусоидат менамояд. Варзиш ба мо дар роҳи расидан ба мақсадҳоямон, ки дар Деклоратсияи Рушди ҳазорсола зикр шудааст, кӯмак мерасонад.

Дар ҷумҳурии мо бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе – Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шудааст, ки ду соли охир дар ин рӯз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Машқҳои субҳгоҳии рӯзи 6 апрел дар саросари ҷумҳурӣ ба Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт рост омад. Ҳазорон нафар субҳи имрӯз ба майдонҳо баромада, ба тарбияи бадан машғул шуданд ва варзишро миёни ҷомеа тарғиб карданд.