Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Фаронса – қаҳрамони чемпионати ҷаҳон-2018

Фаронса – қаҳрамони чемпионати ҷаҳон-2018 Фаронса – қаҳрамони чемпионати ҷаҳон-2018

16.07.2018

: 1408

Дастаи мунтахаби Фаронса оид ба футбол дар таърихи худ бори дуюм унвони қаҳрамони чемпионати ҷаҳон оид ба футболро сазовор шуд.

Шоми дирӯз - 15 июл - дар бозии финалии чемпионати ҷаҳон-2018 дар варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Маскави Федератсияи Руссия бар тими миллии Хорватия бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, баъд аз 20 сол дубора ҷоми чемпионати ҷаҳонро ба даст овард. Фаронса бори аввал соли 1998, ки мизбони чемпионат буд, қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Дар воқеъ, тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо даъвати президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол Ҷаннӣ Инфантино президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ бозии ниҳои чемпионати ҷаҳонро дар варзишгоҳ тамошо кард.
Ёдовар мешавем, ки дар маросими кушодашавии чемпионат, ки 14 июн дар варзишгоҳи мазкур доир шуда буд, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иштирок карда буданд.
Медалҳои биринҷӣ насиби тими миллии Белгия шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм Англияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ба ғайр аз дастаҳо футболбозони алоҳида сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Аз ҷумла, капитани дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич беҳтарин футболбози чемпионати ҷаҳонии футбол-2018 дониста шуд ва ба ӯ “Тӯби тиллоӣ” тақдим гардид. “Дастпӯши тиллоӣ” насиби дарвозабони тими миллии Белгия Тибо Куртуа шуд. Килиан Мбаппе аз тими миллии Фаронса ҷавонтарин бозингари чемпионат дониста шуд (19-сола). Капитани дастаи мунтахаби Белгия Эден Ҳазард ҷоизаи “Тӯби нуқрагин”-ро соҳиб гашт. “Тӯби биринҷӣ” ва “Бутсии нуқрагин”-ро ба бозингари тими Фаронса Антуан Гризман лоиқ донистанд. “Бутсии тиллоӣ” насиби бозингари тими мунтахаби Англия Ҳаррӣ Кейн (6 гол) шуд. “Бутсии биринҷӣ”-ро бошад, ба Ромело Лукакуи белгиягӣ  (4 гол) тақдим карданд. Ҷоизаи “Барои бозии одилона” насиби тими миллии Испания шуд.