Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаҳонгир Маҷидов – ғолиби Ҷоми Осиё оид ба дзюдо

16.07.2018

: 1148

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар Ҷоми Осиё сазовори 3 медал гардиданд.

13-15 июл дар Ҳонг Конг Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор шуд, ки ҷумҳурии моро ҳафт варзишгар намояндагӣ карданд.
Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо 4 нафар: Сулаймони Ҷамшед (вазни -60 кг), Ғаниев Ғаниҷон (-73 кг), Холиқов Фаридун (-81 кг), Қурбонов Эмомризо (-90) гӯштин гирифтанд. Вале фақат ба Эмомризо Қурбонов даст дод, ки медали биринҷии мусобиқаро сазовор гардад. Ғаниҷон Ғаниев ва Фаридун Холиқов ҷои панҷумро ишғол намуданд.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, 127 варзишгар (76 писар, 51 духтар) барои ҷоизаҳо талош карданд. Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар - Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Муҳаммадуллоҳ Лоиқов (-90 кг) дар ин мусобиқа иштирок намуда, 1 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд. Медали тиллоро Ҷаҳонгир Маҷидов ба гарданд овехт. Ӯ рақобатро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ Сиҳо Парк ва Шинҷон Ким пирӯз гардид. Муҳаммадуллоҳ Лоиқов соҳиби медали нуқра гардид. Муҳаммадуллоҳ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Малайзия Тзе Нинг Тан ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Сиҳйон Лиро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Муғулистон Гоншигсурен Батхуйаг мағлуб шуд.
Акунун дзюдочиёни наврасу ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё дар Макао, ки 21-22 июл ба нақша гирифта шудааст, ширкат мекунанд.