Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

10.07.2018

: 1261

Варзишгари тоҷик Суннатулло Исроилов дар мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Ассотсиатсияи тенниси ИМА ҷои аввалро сазовор гашт.

Мусобиқа 6-9 июли соли равон дар шаҳри Ню-Ҷерсӣ бо иштироки 32 теннисбози ҷаҳон баргузор гашт.
Сунаттуло дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Ҳиндустон Ҳовард Шерман, варзишгари Украина Пётр Гремлич, варзишгари Амрико Кевин Линитс ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Прозанно Фернандои олмонӣ ва дар финал варзишгари маъруфи Амрикоро шикаст дода, медали тиллоро ба гардан овехт.
Мавриди зикр аст, ки Суннатулло Исроилов қаблан се маротиба дар мусобиқаи мазкур дар шаҳрҳои Флорида, Ню-Ҷерсӣ ва Ню-Йорки Амрико сазовори ҷои аввал гардидааст.
Варзишгари тоҷик Суннатулло Исроилов айни ҳол дар Академияи тенниси ба номи Ҷонс Гарсияи шаҳри Флоридаи Амрико тамрин мекунад.