Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бразил

10.07.2018

: 2393

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар Гран-При Бразил оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Гран-При Бразил оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Дилшод Назаров дар намуди гурандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Белорус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа, ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халлачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд.
Ин дуюм медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн - дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.