Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти Президенти кишвар бо варзишгарони мамлакат

20.12.2010

: 1471

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони кишвар мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо варзишгарон ҳамчунин аъзо ва вакилони ҳукумату парлумони мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳо ва сохторҳои соҳибкорӣ низ иштирок намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз аҳамияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар таъмини сиҳҳатии аҳли ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аз корҳои номатлуб дур намудани ҷавонону наврасон ёдовар шуд. Сарвари давлат аз натиҷаҳои ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори сарфарозӣ карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки танҳо дар се соли охир онҳо дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, шарафи Ватани азизи худро ҳифз намудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти бештари варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, соҳикорону тоҷирон ва ҳамаи онҳоеро, ки имкони дасгирии ин соҳаро доранд, ба кўмакрасонӣ ба варзишгарони ояндадори кишвар ҳидоят намуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то моҳи апрели соли 2011 барномаи нави рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои 5 соли оянда таҳия ва пешниҳод карда шавад ва таъкид гардид, ки дар он бояд бунёди варзишгоҳҳо, майдонҳо ва толорҳои ҳозиразамони варзишӣ ба нақша гирифта шавад. Дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёди толорҳои варзишии сатҳи олимпӣ ва як варзишгоҳи бузурги сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, толору майдонҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳо тайи чанд соли оянда натанҳо дар марказҳои шаҳру навоҳӣ, балки дар ҷамоатҳо ва деҳаҳои калон низ бояд бунёд меёбанд.
Дар қисмати дуюми мулоқот миёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор як маҳфили озоду ошкори саволу ҷавоб баргузор шуд, ки зимни он наздики 50 нафар ба Сарвари давлат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат карданд. Чунонки маълум шуд, соҳибкорони сершумор омодаанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо толорҳо ва маҷмааҳои варзишӣ бунёд намуда, ба ихтиёри ҳаводорони варзиш ва тарбияӣ ҷисмонӣ вогузоранд.
Умуман мулоқот қариб 5 соат дар фазои ошкору самимият ҷараён гирифта, бо натиҷаҳои дилхоҳ ба поён расид ва умед аст, ки татбиқи амалии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.