Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардонда шуд

08.04.2009

: 1464

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардонда шуд.

Ордени Шӯрои олимпии Осиёро Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад тақдим намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро қадшиносии баланди олами варзиши Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Президенти Шӯрои олимпии Осиё арзи сипос кард.
Зимни сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад масоили ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди мавҷуда нишондодҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ сол ба сол рӯ ба болоравӣ доранд.
Шайх Аҳмад ас - Сабоҳ ал Фаҳад иттилоъ дод, ки имрӯз миёни Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад ва ҳадафи асосӣ аз онҳо кӯмак расондан ба Тоҷикистон дар сохтмони иншооти варзишӣ ва беҳсозии тарбияи ҷисмонии мактаббачагон аст. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Шӯрои олимпии Осиё омодааст барои таъмини рушди бештари варзиш дар Тоҷикистон кӯмакҳои худро афзун намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, ки намояндаи воломақоми Давлати Кувайт аст, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳсозӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ба Кувайт содир намудани оби нӯшокӣ ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бояд густариш дода шаванд. Ба гуфти шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, Давлати Кувайт омодааст сохтмони то 60 иншооти соҳаҳои маорифу тандурустиро маблағгузорӣ кунад.