Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН

03.02.2022

: 443

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 4-уми феврал дар Варзишгоҳи “Лонаи паранда”-и пойтахти Чин баргузор мешавад. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) то 20-уми феврал идома меёбад.