Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРОСИМИ ПЕШВОЗГИРИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ДАР КМОТ

МАРОСИМИ ПЕШВОЗГИРИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ДАР КМОТ МАРОСИМИ ПЕШВОЗГИРИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ДАР КМОТ МАРОСИМИ ПЕШВОЗГИРИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ДАР КМОТ МАРОСИМИ ПЕШВОЗГИРИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ БОКСИ ТОҶИКИСТОН ДАР КМОТ

31.01.2022

: 497

31 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) маросими пешвозгирии варзишгарон, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола сазовори 11 медал шуданд, доир гашт.

Дар маросим ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Муҳаммадшо Абдуллозода, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева, варзишгарон ва мураббиён ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ки 22-29 январ доир гардид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 медал – 1 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овард.

Медали тиллоро Давлат Болтаев дар вазни -92кг сазовор шуд. Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг), медали нуқра, Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дилшод Назаров варзишгаронро барои дастовардашон таҳният гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои оянда, аз ҷумла дар мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 муваффақият хост.

Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти ҷумҳурӣ, Президенти КМОТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд ва сол то сол ин соҳа дар кишвар рушд меёбад.

Маҳз бо шарофати ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори медал мешаванд ва ба ифтихори онҳо Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатӣ парафшон мегардад.

Дар маросим, масъалаҳои дигари бокс, аз ҷумла ташкили мусобиқаҳо ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ баррасӣ гардид.