Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ХАТЛОН”, “ИСТИҚЛОЛ”, “РАВШАН” ДАР НИМФИНАЛИ ҶОМИ ФФТ-2021

13.02.2021

: 721

Дастаҳои “Хатлон”, “Истиқлол” ва “Равшан” ба даври нимфинали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон – 2021 (ФФТ) роҳхат гирифтанд.

13 феврал бозиҳои даври дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор шуд.

Дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар дуюм бозиаш низ пирӯзӣ ба даст оварда, дар гурӯҳи “Б” ҷои аввалро ишғол намуд ва ба ½-финал роҳхат гирифт. Дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ “Хатлон” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаи бозиро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 86-ум зад.

Дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” бар намояндаи вилояти Суғд – дастаи “Мастчоҳ” бо ҳисоби калони 6:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи Душанбе Салам Ашурмамадов хет-трик, Рустам Соиров дубл анҷом доданд. “Равшан” бошад, тими КМВА-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” ва “Равшан” 6-холӣ ба даст оварданд ва ба нимфинал баромаданд. Дар даври сеюм, 15 феврал, дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” барои ҷои якуми гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд. Бозии дигар миёни дастаҳои КМВА ва “Мастчоҳ”, ки дар ду давр мағлуб шуданд, сурат мегирад.

Чорум иштирокчии даври нимфинал пас аз натиҷагирии бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Барқчӣ” дар гурӯҳи “Б” маълум мешавад.

Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Равшан» – «Мастчоҳ» – 5:2
КМВА – «Истиқлол» – 0:2

Даври 2-юм
“Истиқлол” – Мастчоҳ” – 6:1
КМВА – “Равшан” – 1:2

     Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
 1   "Истиқлол" (Душанбе)          2  2  0  0  8-1  6
 2  "Равшан" (Кӯлоб)  2  2  0  0  7-3  6
 3  КМВА (Душанбе)  2  0  0  2  1-4  0
 4  "Мастчоҳ" (Мастчоҳ)  2  0  0  2  3-11    0

Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
«Барқчӣ» – «Хатлон» – 0:5

Даври 2-юм
“Регар-ТадАЗ” – “Хатлон” – 0:1

     Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
 1   "Хатлон" (Бохтар)    2  2  0  0  6-0  6
 2  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    1  0  0  1  0-1  0
 3  "Барқчӣ" (Ҳисор)  1  0  0  1  0-5  0
    

Даври 3-юм
15 феврал (душанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30. «Мастчоҳ» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00. «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»
10:30. «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ