Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧОР ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР 20-ГОНАИ БЕҲТАРИНҲО

13.02.2021

: 1098

Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштин шомили 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуданд.

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) радабандии бозбинишудаи беҳтаринҳои ҷаҳонро нашр кард кард, ки номи чор варзишгари тоҷик – Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов - низ ба 20-гона ворид шудааст.

Мавқеи беҳтарро миёни гуштингирони мо Муҳаммад Икромов дорад. Ӯ дар радабандии вазни 61кг-и гуштини тарзи озод ҷои 12-умро сазовор шудааст. Ҳикматулло Воҳидов бошад, дар ҷои 13-уми вазни 57кг-и ҳамин равия мавқеъ дорад. Паҳлавони шинохтаи кишвар Искандари Рустам ҷои 17-уми вазни 97кг-ро гирифтааст.

Дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ як нафар варзишгари мо – Ахмедов Мубинҷон - ба 20-гона ворид гардидааст. Ӯ дар ҷои 20-уми вазни 63кг мавқеъ дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳар чор варзишгари мо соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медал шуда буданд: Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов медали нуқра, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ. Муҳаммад Икромов, инчунин охири соли 2020 дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Белгради Сербия доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гашт.

Миёни онҳо ҷиҳати омодагӣ барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 Муҳаммад Икромов ва Мубинҷон Ахмедов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.