Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баррасии ҳамкориҳои соҳаи варзиш бо Арабистони Саудӣ

Баррасии ҳамкориҳои соҳаи варзиш бо Арабистони Саудӣ Баррасии ҳамкориҳои соҳаи варзиш бо Арабистони Саудӣ

10.12.2020

: 945

9 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду мамлакат, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Осиё соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Иштирокчиёни мулоқот, инчунин ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мароқ зоҳир намуданд.