Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Федератсияи триатлони Тоҷикистон узви САТА шуд

07.12.2020

: 947

5 декабр, дар формати онлайн, конгресси сеюми Ассотсиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ (Central Asian Triathlon Association - САТА) баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои ассотсиатсия – федератсияҳои триатлони 5 кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд.
Аъзои ҷаласа натиҷаи фаъолияти ассотсиатсияро дар соли 2020 натиҷагирӣ карда, тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 баррасӣ намуданд. Аъзои ҷаласа якдилона Федератсияи триатлони Тоҷикистонро дар шахсияти котиби генералии федератсия Искандар Шарифов ба узвияти САТА қабул карданд.
Бо роҳи овоздиҳӣ тақвими чорабиниҳои САТА барои соли 2021 тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин аъзои САТА оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳияи барномаҳо ҷиҳати омода кардани варзишгарон, таъсиси шабакаи тамринӣ ва баргузории ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ дар мавсими оянда ба мувофиқа расиданд.

“Бо қатъият метавон гуфт, ки пандемия натавонист монеи кори мо шавад ва мо ҳамаи оилаи триатлон ин давраи душворро паси сар кардем, фаъолиятамонро ҷиҳати рушд ва оммавӣ кардани триатлон идома додем. Имрӯз мо натиҷаи ин корҳоямонро дидем – узви навро ба ассотсиатсия қабул кардем. Федератсияи триатлони Тоҷикистон акнун ҳамроҳи мост”, - иброз намуд президенти САТА Галимжан Есенов.