Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Равшан”-и Кӯлоб - ғолиби лигаи аввали Тоҷикистон

26.10.2020

: 2542

Бозиҳои лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба анҷом расид.

Дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал 12 даста иштирок карданд ва дар ду марҳила ҳар даста 22 бозӣ анҷом дод. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб аз 22 бозӣ бо 51 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби тими “Эсхата”-и Хуҷанд шуд, ки 49 хол ба даст овард. Медалҳои биринҷӣ бо 41 хол насиби дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ гардид.
Воқеан, дастаҳои “Равшан” ва “Эсхата” дар мавсими соли 2021 дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии чемпионат

   ДАСТАҲО                Б       Ғ       М      Б      Т-Т       Х   
 1    "Равшан" (Кӯлоб)  22  17  0  5  72-38  51
 2  "Эсхата" (Хуҷанд)      22  16  1  5  59-32      49  
 3  "Панҷшер" (Балхӣ)  22  12  5  5  63-27  41
 4  "Равшан" (Зафаробод)      22  11  6  5  47-28  39
 5  "Ҳулбук" (Восеъ)  22  11  3  8  42-36  36
 6  "Моҳир" (Ёвон)  22  9  4  9  50-63  31
 7  "Ҳосилот" (Фархор)  22  9  3  10  38-39  30
 8  "Барқчӣ" (Ҳисор)  22  9  1  12  40-39  28
 9  "Ваҳдат" (Ваҳдат)  22  7  5  10  48-40  26
 10    "Саройкамар" (Панҷ)  22  7  5  10  42-49  26
 11  "Исфара" (Исфара)  22  6  1  15  30-63  19
 12  "Шоҳмансур" (Душанбе)  22  0  2  20  13-90  2