Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” – ғолиби лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

26.10.2020

: 1109

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии чоруми финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар тими “Соро компания”-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, медалҳои тиллоро сазовор шуд. Даста то ин дараҷа бо роҳбарии мутахассиси рус Евгений Осинтсев расид.

Пас аз чор бозӣ ҳисоби силасилаи бозиҳо 3:1 ба фоидаи дастаи Хуҷанд шуд. Ғалабаи “Сипар” дар бозии чорум тавассути зарбаҳои нишонраси Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов таъмин гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки “Сипар” дар таърихи мавҷудияти клуб аввалин маротиба ба унвони чемпионӣ расид. Қаблан чанд маротиба соҳиби медалҳои нуқраи лигаи касбии футзли Тоҷикистон шудааст.
“Соро компания”, ки солҳои 2018 ва 2019 чемпиони Тоҷикистон шуда буд, имсол ҷои дуюмро ишғол кард. Медалҳои биринҷӣ бошад, насиби дастаи “Муҳоҷир” шуд, ки дар се бозӣ барои ҷои сеюм тими “Истаравшан”-ро шикаст дод.
Ин ҳафтум мавсими лигаи касбии футзали Тоҷикистон буд. Қаблан ду дастаи Душанбе – “ДИСИ Инвест” чор маротиба (2014, 2015, 2016, 2017) ва “Соро компания” ду маротиба (2018, 2019) ғолиб гардидаанд.