Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи касбии футзал: “Истаравшан” ба нимфинал баромад

23.09.2020

: 97

Дастаи “Истаравшан” дар ду бозии даври плей-офф бар тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ғалаба карда, ба нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ ёфт. “Истаравшан” дар нимфинал бо “Сипар”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

Тими “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бошад, дар бозии дуюми плей-офф барои баромадан ба даври нимфинали лигаи касбии футзал бар тими “Самандар” бо ҳисоби 8:3 ғалаба карда, ҳисоби силсилаи бозиҳоро баробар кард.
Акнун дастаҳо боз як бозии дигар анҷом медиҳанд. Дидори онҳо 25 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва ғолиб ба нимфинал роҳхат мегирад ва бо дастаи “Соро компания” вомехурад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020
Плей-офф
«Самандар» – «Муҳоҷир» – 3:8
Голҳо: Самандар Ризомов, 7 (0:1). Парвиз Худододов, 8 (0:2). Хуршеди Зайниддин, 18 (0:3). Парвиз Худододов, 20 (0:4). Акмал Адҳамов, 22 (1:4). Хуршеди Зайниддин, 27 (1:5). Абдуқаюм Умаров, 28 (1:6). Самандар Ризомов, 29 (1:7). Низом Махмаев, 31 (2:7). Самандар Ризомов, 35 (2:8). Фирдавс Тусматов, 37 (3:8).
Беҳтарин бозингар: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).
Ҳисоби силсилабозиҳо – 1:1.

«Равшан» – «Истаравшан» – 0:5
Ҳисоби силсилабозиҳо – 0:2.