Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зисти OCA таъсири COVID-19-ро баррасӣ кард

23.09.2020

: 882

Таъсири пандемияи COVID-19 дар Осиё 22 сентябр зимни ҷаласаи онлайнии кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, ки узви ин кумита мебошад, иштирок кард.
Раиси кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зист Ю Кён Сон аз Корея иброз намуд, ки пандемия дар тақвими варзишии тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ гузошт, аз ҷумла сабаби як сол ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 гардид.

“COVID-19 вазъияти бесобиқаро пеш овард ва ҳамаи моро дар Осиё шигифтзада кард, - гуфт ӯ. – Мо бояд барои фароҳам кардани шароити тозаи муҳити зист дар чорабиниҳои варзишии худ ҳар коре, ки аз дастамон меояд иҷро ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда якҷоя кор кунем".
Аъзи кумита аз Эрон, Ҳиндустон, Ҷопон, Малдив, Мянма, Покистон ва Тоҷикистон вазъи давраи пандемияи кишварҳояшонро шарҳ доданд ва вобаста ба чораҳои дар ин самт амаликардаашон ҷиҳати ҳифзи саломатии варзишгарон ҳангоми аз сар гирифтани чорабиниҳои варзишӣ андешаронӣ намуданд.
Намояндаи Кумитаи олимпии Ҷопон Ясуҳиро Накамори гуфт, ки сарвазири нави кишвараш Ёшиҳиде Суга барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли оянда азми қавӣ дорад ва барои намудҳои гуногуни варзиш сенарияҳо муҳокима мешавад.
Директори департаменти Бозиҳои Осиёи ОСА Ҳайдар Фармон изҳор дошт, ки ОСА бо мақомот оид ба се чорабинии сатҳи қора, ки соли оянда бояд баргузор шаванд, пайваста дар робита аст – Бозиҳои соҳилии Осиё моҳи апрел дар Чин, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ моҳи май дар Тайланд ва Бозиҳои осиёии наврасон моҳи ноябр дар Шантоуи Чин. Баъдан соли 2022 моҳи сентябр 19-ум Бозиҳои Осиё баргузор мешавад.
“Вазифаи асосии мо таъмин кардани муҳити бехатар ва шароити созгор барои варзишгарон дар се бозиҳои соли оянда ва Бозиҳои Осиё-2022 мебошад. Дар ин робита мо омодаем ҳар гуна пешниҳодоти кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зистро қабул кунем, ки мумкин аст ба мо дар ин самт кӯмак кунад”.
Ҳайдар Фармон афзуд, ки ҳамаи 44 кумитаи миллии олимпии ОСА дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ 25000-долларӣ дарёфт намуданд. Ин маблағ барои пешгирии COVID-19, аз ҷумла харидории маводу маҳсулоти ҳимоявӣ ва тоза кардани иншоот нигаронида шудааст.