Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қатар ҳавасманди мизбонии Бозиҳои олимпии соли 2032 мебошад

28.07.2020

: 920

Кумитаи олимпии Қатар ҳавасмандии худро ҷиҳати баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 эълон кард.

Ҷониби Қатар тасдиқ кард, ки барои ворид шудан ба “Муколамаи доимӣ”-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати баргузории бозиҳо расман дархост фиристодааст. Ҳамин тариқ, Қатар бо давлатҳои Австралия, Ҳиндустон, Индонезия ва Олмон, ки қаблан барои мизбонии бозиҳо дар соли 2032 ҳавасмандӣ зоҳир карда буданд, ҳамроҳ шуд.
Президенти КБО Томас Бах дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “beIN SPORTS”-и Қатар гуфтааст, тақозои кишвари Шарқи Наздикро пазируфтааст.

“Мо дар КБО аз ҳавасмандии зиёд ба Бозиҳои олимпии соли 2032 12 сол қабл хушҳолем. Мо муколамаро бо кумитаҳои миллии олимпии манфиатдор ва комиссияи махсуси КБО оғоз кардем”, - изҳор намудааст Томас Бах.
Дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа соли 2006 Бозиҳои Осиё баргузор шуда буд. Соли 2019 бошад, ин шаҳр мизбони Чемпионати Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук буд. Соли 2022 бошад, дар Доҳа Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир мегардад. Қатар, ҳамчунин, ҳавасманди баргузории Ҷоми Осиё оид ба футбол дар соли 2027 ва Бозиҳои Осиё дар соли 2030 мебошад.