Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мавсими нави Лигаи касбии футзал оғоз ёфт

29.07.2020

: 808

28 июл мавсими нави Лигаи касбии футболи толорӣ ё футзали Тоҷикистон оғоз ёфт.

Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд дар шаҳри Кӯлоб бар тими маҳалии “Равшан” бо ҳисоби калони 8:2 ғалаба кард. 5 голро дар ҳайати тими Хуҷанд Собирҷон Гуляков зад.
Дастаи “Муҳоҷир”-и пойтахт низ дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода пирӯз шуд – 6:3. Дар ҳайати тими ғолиб Самандар Ризомов ва Некрӯз Идиев дуголӣ ба номашон сабт карданд.
Дар бозии охирини даври якум “Соро компания” ба дарвозаи “Истаравшан” панҷ голи беҷавоб зад.
Бозиҳои даври дуюми Лигаи касбии футболи толории Тоҷикистон 30-юми июл баргузор мешаванд. «Самандар» бо «Соро компания», «Истаравшан» бо «Равшан» ва «Муҳоҷир» бо «Сипар» вомехуранд.