Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон: КМВА ба ҷои чоруми ҷадвал баромад

06.07.2020

: 1162

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

4 июл “Истиқлол” бе мушкилӣ дар шаҳри Кӯлоб бар тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ пирӯз шуд – 4:0. Алишер Ҷалилов ду гол, Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев якголӣ заданд.
“Хуҷанд” низ дар сафар бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Дар ҳайати тими ғолиб Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов дурахшиданд.
Бозии ҷолибу диданӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат миёни тимҳои “Душанбе-83” ва “Истаравшан” сурат гирифт. Шогирдони Алиёр Ашурмамадов бо ҳисоби 0:2 пешсаф буданд, вале натавонистанд ин ҳисобро нигоҳ доранд. Душанбегиҳо дар қисми аввал ҳисобро мусовӣ намуданд. Дар қисми дуюм дастаҳо якголии дигар заданд. Натиҷа – 3:3. Дар ҳайати тими Душанбе Элчибек Рашидбеков ду гол, Хуршед Абдуллоев як гол ба ҳалаф расониданд. Дар ҳайати “Истаравшан” низ капитан Илҳом Баротов ду гол, Қаҳрамон Ҳомидов як гол ба номашон сабт карданд.
5 июл дастаи Клуби марказии варзиши артиши (КМВА) Вазорати мудофиа дар майдони худ бо тими “Регар-ТадАЗ” бозӣ карда, бо ҳисоби 3:1 зафар ёфт. Дар ҳайати КМВА Шервонӣ Мабатшоев ду гол, Дилшод Восиев як гол заданд. Голи тими “Регар”-ро Нозим Бобоҷонов ба номаш сабт кард. Баъд аз ин ғалаба артишиҳо ба ҷои чоруми ҷадвали чемпионат баромаданд.
Дар бозии охирини давр “Хатлон” дар майдони худ тими “Куктош”-ро шикат дод – 2:1. Се холи навбатӣ ба дастаи шаҳри Бохтар тавассути зарбаҳои нишонраси Худойдод Узоқов ва Сунатулло Исмоилов имконпазир гашт.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии 8 даври Чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 22 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. “Хатлон” бо 17 хол дар ҷои дуюм, “Хуҷанд” бо 16 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии мамлакат 11-12 июл доир мегардад. Шанбе, 11 июл, «Куктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА вомехуранд. Якшанбе, 12 июл, бошад, «Хуҷанд» тими «Душанбе-83»-ро қабул мекунаду «Истиқлол» дастаи «Локомотив-Помир»-ро.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1  "Истиқлол" (Душанбе)    8  7  1  0  38-5    22  
 2  "Хатлон" (Бохтар)  8  5  2  1  15-11    17
 3  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  8  5  1  2  16-10  16
 4  КМВА (Душанбе)   8  3  2  3  11-11  11
 5  "Душанбе-83" (Душанбе)    8  3  2  3  9-15  11
 6  "Файзканд" (Восеъ)  8  2  4  2  9-14  10
 7  "Куктош" (Рӯдакӣ)  8  2  3  3  8-11  9
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    8  2  1  5  12-18  7
 9  "Локомотив-Помир" (Душанбе)    8  1  1  6  7-15  4
 10  "Истаравшан" (Истаравшан)  8  1  1  6  9-24  4