Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон: марҳилаи муқаддамотӣ 7-8 июл доир мешавад

04.07.2020

: 993

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистонро муайян намуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми мамлакат 12 дастаи лигаи якум ширкат мекунанд. Бозиҳо 7-8 июл баргузор мешаванд. Агар дар вақти асосии бозӣ ғолиб муайян нагардид, пас ду пайти 15-дақиқиаӣ таъин карда мешавад. Дар сурати боз ҳам муваффақ нашудани дастаҳо ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи бозиҳо шаш даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ мусобиқаро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳои ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим тимҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ
7 июл (сешанбе). Оғози бозӣ - соати 17:00.
«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)
8 июл (чоршанбе). Оғози бозӣ - соати 17:00.
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон)
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)