Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ид муборак, хабарнигорони соҳаи варзиш!

02.07.2020

: 1047

Паёми шодбошии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш

Муҳтарам журналистони соҳаи варзиш,

Шуморо бо Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш самимона шодбош мегӯям.
2-юми июл аз соли 1995 ин тараф бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии журналистони варзиш таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст ва ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин ассотсиатсия мебошанд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи журналистика, хусусан журналистикаи варзишӣ таҳаввулоти бузург ба миён омад. Маҳз пуштибонии Сарвари давлат буд, ки 1 марти соли 2016 аввалин маротиба дар кишвар шабакаи телевизионии махсуси соҳа – ТВ “Варзиш” ва баъд аз як сол шабакаи телевизонии “Футбол” ба фаъолият оғоз карданд ва шабонарӯзӣ аҳолии кишварро аз навгониҳои соҳа, чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ, огоҳ менамоянд. Ҳамчунин, дар кишвар рӯзномаҳои махсуси соҳавӣ амал доранд ва қариб ҳамаи расонаҳо саҳифаи махсуси варзишӣ нашр мекунанд.
Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро саривақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихори варзишгаронро миёни ҷомеа қисмат мекунанд. Ба ин восита ҳисси ғалабаро дар ниҳоди мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд.
Хабарнигорон ва расонаҳои варзишӣ дар давраи пандемия низ рисолати худро содиқона анҷом доданд. Бо пешниҳоди барномаҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ, усулҳои машқу тамрин дар шароити хона дар давраи пандемия ҷомеаро ба машғул шудан ба варзиш ва бедор кардани умеди ояндаи нек дар дили сокинон саҳм гузоштанд.
Моҳи декабри соли равон баргузории Бозиҳои соҳилии Осиё ва соли оянда баргузории Бозиҳои олимпӣ дар назар аст. Умед мекунем, ки хабарнигорон дар инъикоси ин чорабиниҳои муҳими варзишӣ мисли ҳарвақта фаъол хоҳанд буд.

Бори дигар хабарнигорони соҳаи варзишро бо иди касбӣ таҳният гуфта, дар иҷрои ин рисолати муҳим дар назди ҷомеа бароятон барор мехоҳам.
Ид муборак!