Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзиши сабуки ҷаҳонӣ Стратегияи чорсола нашр кард

01.07.2020

: 912

Ба нақша гирифтани чемпионатҳо оид ба мусобиқоти берун аз шоҳроҳ ва ворид кардани кросс ба барномаи бозиҳои олимпӣ аз ҳадафҳои асосии Стратегияи ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ барои солҳои 2020-2023 мебошад, ки 30 июн нашр шуд.

Баргузории мусобиқот аз рӯи равияҳои ниммарафон, дави оммавӣ ва дигар мусобиқот, мисли сабқати даставӣ оид ба роҳравии варзишӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар ду сол як маротиба доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст. Солҳои баъдӣ дар назар аст, ки мусобиқаоти ҷаҳонӣ дар замини ноҳамвор, шоҳроҳ ва дав дар роҳи кӯҳӣ низ муттаҳид шаванд.
Ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ҳамчунин барои ворид кардани кросс ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ талош хоҳад кард.
Ба барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук равияҳои ниммарафон, роҳравии варзишии даставӣ, дав ба масофаи 5км ворид хоҳанд шуд. Ҳамчунин, мумкин аст, чемпионатҳои ҷаҳон оид ба кросс ва дигар равияҳо (дав дар шоҳроҳ, роҳи кӯҳӣ ва ғайра) муттаҳид карда шаванд.