Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии ду дастаи Душанбе дар меҳмонӣ

Пирӯзии ду дастаи Душанбе дар меҳмонӣ Пирӯзии ду дастаи Душанбе дар меҳмонӣ

29.06.2020

: 1014

Ду бозии дигари даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 28 июн баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ба голи нимҳимоятгари дастаи Хуҷанд Санҷар Рихсибоев душанбегиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Вахит Оразсахедов ҷавоб доданд.
Дар бозии дигар дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” дар Турсунзода тими маҳаллӣ “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб кард – 2:1. Ду голи душанбегиҳоро Агблей Ҷонс ва Идрис Амин заданд.
Пас аз 7 даври сипаришудаи Чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 19 хол пешсафи ҷадвал мебошад. “Хатлон” бо 14 хол дар ҷои дуюм, “Хуҷанд” бо 13 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Даври навбатии чемпионат 4-5 июл доир хоҳад шуд. Рӯзи аввал «Файзканд» бо «Истиқлол», «Локомотив-Помир» бо «Хуҷанд», «Душанбе-83» бо «Истаравшан», рӯзи дигар КМВА бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Куктош» вомехуранд.

     Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)      7  6  1  0  34-5  19
 2  "Хатлон" (Бохтар)  7  4  2  1  13-10    14
 3  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  7  4  1  2  14-10  13
 4  "Душанбе-83" (Душанбе)    7  3  1  3  6-12  10
 5  "Файзканд" (Восеъ)  7  2  4  1  9-10  10
 6  "Куктош" (Рӯдакӣ)  7  2  3  2  7-9  9
 7  КМВА (Душанбе)  7  2  2  3  8-10  8
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    7  2  1  4  11-15  7
 9  "Локомотив-Помир" (Душанбе)    7  1  1  5  7-13  4
 10   "Истаравшан" (Истаравшан)  7  1  0  6  6-21  3