Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин пирӯзии “Истаравшан” дар мавсими нави футбол

27.06.2020

: 1084

Имрӯз, 27 июн, се бозии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон - “Хатлон”-и Бохтар ва “Файзканд”-и Восеъ мусовӣ анҷом ёфт (1:1). Футболбози “Файзканд” Дилшод Баротов дар дақиқаи 59 ҳисобро кушод, баъд аз 10 дақиқа бохтариҳо тавассути Парвиз Боқӣ-Охунов ҳисобро баробар карданд. Бозӣ миёни тимҳои “Куктош” ва КМВА низ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Дар бозии дигар “Истаравшан” ба дарвозаи тими “Локомотив-Помир” ду голи беҷавоб зад. Аввалин се холро дар мавсими нав истаравшаниҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 53 ва 90+1-уми дидор ба даст оварданд.
Фардо – 28 июн ду бозии дигари даври ҳафтум доир мегардад. “Регар-ТадАЗ” дар “ТАЛКО Арена” бо “Душанбе-83” ва “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” бо “Истиқлол” вомехуранд. Оғози ҳамаи бозиҳо – соати 17:00.