Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тарҳи медал барои Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 тасдиқ шуд

17.06.2020

: 1124

17 июн Кумитаи тадорукоти 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020 тарҳи медалро муаррифӣ кард.

Рӯи медал аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал – давра рамзи офтоб ва моҳро ифода мекунад. Дар давра рамзи Бозиҳои соҳилии Осиё ва акси ташаккули санги Тианйа, ки таърих ва фарҳанги Санйаро бозгӯ мекунад, ҷойгир карда шудааст.
Қисмати дуюм ва асосии медал аз сурати табиати Санйа – халиҷҳои васеъ, мавҷҳо ва соҳили баҳр – иборат аст.
Дар пушти медал рамзи Шӯрои олимпии Осиё ва дар бари медал ибораи англисии "Welcome to Tianya Haijiao" (Хуш омадед ба Тианйа Ҳайҷао) нақш ёфтааст. Тианйа Ҳайҷао маънии “лаби осмон ва соҳили баҳр”-ро дорад.  
6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020, аз рӯи 17 намуди варзиш, 19 равия ва 93 мусобиқа доир хоҳад шуд.
Аввалин Бозиҳои соҳилии Осиё соли 2008 дар Бали (Индонезия) баргузор шуда буд. Маскат (Уммон) соли 2010, Ҳайанг (Чин) соли 2012, Пҳукет (Тайланд) соли 2014 ва Дананг (Ветнам) соли 2016 мизбони бозиҳо буданд.
Тоҷикистон дар ин бозиҳо иштирок карда, сазовори 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ гаштааст. Медали тиллоро дар Пҳукет Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар намуди кураш ба даст овардааст. Дар ҳамин бозиҳо Саидҷалол Саидов дар намуди кураш ва Ҷомӣ Латифов дар намуди муайтай сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. Ду медали дигари биринҷиро Фирӯз Давлатов ва Азизҷон Азизов дар Маскат дар намуди бодибилдинг сазовор гаштаанд.