Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Оғози дубора. Пас аз 50 рӯзи танаффус Чемпионати Тоҷикистон доир шуд

17.06.2020

: 998

Пас аз 50 рӯзи танаффус, бинобар сабаби пандемияи Covid-19, Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дубора шуруъ шуд.

16 июн се бозии даври панҷуми лигаи олӣ доир гашт. “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби калони 6:1 ғалаба кард. Голҳои дастаи ғолибро Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Алишер Ҷалилов, Вахит Оразсахедов, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Рустам Соиров заданд. Голи дастаи мизбонро Оятулло Сафаров ба номаш сабт кард.
Барандаи медалҳои нуқраи мавсими гузашта – дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тавассути зарбаҳои нишонраси Амирҷон Сафаров ва Ойбек Абдуғаффоров тими “Истаравшан”-ро шикаст дод – 2:1. Голи истаравшаниҳоро Илҳом Баротов зад.
Бозии дигар миёни дастаҳои КМВА – “Файзканд” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози тими артиш Шодибек Ғаффоров меҳмонон бо зарбаи нишонраси Фахриддин Сафарзода ҷавоб доданд.
Имрӯз, 17 июн, ду бозии дигари даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон баргузор мешавад. “Куктош” дар майдони худ бо “Локомотив-Помир”, “Хатлон” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Бохтар бо “Душанбе-83” вомехуранд.

     Б      Ғ      М      Б      Т/Т      Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)      5  4  1  0  23-4  13
 2  "Хатлон" (Бохтар)  4  3  1  0  10-7  10
 3  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  5  3  1  1  10-7  10
 4  "Файзканд" (Восеъ)  5  2  3  0  8-6  9
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  4  1  2  1  5-7  5
 6  "Локомотив-Помир" (Душанбе)      4  1  1  2  6-8  4
 7  КМВА (Душанбе)  5  1  1  3  6-9  4
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  5  1  1  3  8-12  4
 9  "Душанбе-83" (Душанбе)  4  1  1  2  2-9  4
 10   "Истаравшан" (Истаравшан)  5  0  0  5  4-13  0