Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ФФТ-2020: “Хатлон” ва КМВА пешсафанд

25.02.2020

: 1581

23-24 феврал бозиҳои даври дуюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол баргузор шуданд.

“Хатлон”-и Бохтар ғалабаи дуюми пайиҳами худро дар гурӯҳи “Б” ҷашн гирифт. Шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар даври дуюм бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Дар ҳайати тими ғолиб Наимҷон Иброҳимзода 2 гол ба номаш сабт кард. Голи сеюми бохтариҳоро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагии бозӣ (90+3) ба ҳадаф расонд. Голи “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов зад.
Голи Муҳсин Абдуғаффоров аз пеналтӣ ба “Куктош” дар бозӣ муқобили “Душанбе-83” 3 хол овард.
Дар гурӯҳи “А” бозӣ миёни дастаҳои КМВА - “Равшан” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари “Равшан” Саидхони Амрохон дар дақиқаи 20-ум, футболбози тими артиш Дилшод Восиев дар дақиқаи 74 бо гол ҷавоб гардонд.
Дар бозии дигар “Локомотив-Помир” бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Шуҳрат Элмуродов дар дақиқаи 17 ҳисобро ба нафъи тими Душанбе кушод, бозингари Истаравшан Тулқин Умаров дар дақиқаи 30 ҳисобро баробар кард. Азизбек Ҳасанов дар дақиқаи 82 голи пирӯзиоварро зад.
Пас аз натиҷагирии ду давр “Хатлон” бо 6 хол дар гурӯҳи “Б”, КМВА ва “Равшан” бо 4-холӣ дар гурӯҳи “А” пешсафанд. Иштирокчиёни нимфинали Ҷоми ФФТ-2020 пас аз даври сеюм муайян мегардад, ки 25-26 феврал доир мегардад.

Тақвими бозиҳои оянда

3-юм давр
25 феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)
10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал
28 феврал (ҷумъа)

11:00 – 1”А” – 2”Б”
15:00 – 1”Б” – 2“А”

1 март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

15:00 – Финал