Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

12 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ ширкат мекунанд

12 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ ширкат мекунанд 12 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ ширкат мекунанд

26.02.2020

: 1496

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 15 нафар, аз ҷумла 12 варзишгар дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус иштирок мекунанд.

Мусобиқа 3-11 март дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор мешавад. Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхон шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ вогузор шудааст. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд.
Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати зерин аз 29 феврал то 12 март ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад:
1. Қосимова Сумайя (-51кг)
2. Самадова Миҷгона (-57кг)
3. Зулқайнарова Шоира (-60кг)
4. Бобоёрова Нилуфар (-69кг)
5. Сабзалиев Шуҳрат (-52кг)
6. Сагизов Бахтовар (-57кг)
7. Усмонов Баҳодур (-63кг)
8. Мамадалиев Шералӣ (-69кг)
9. Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг)
10. Негматуллоев Шаббос (-81кг)
11. Болтаев Давлат (-91кг)
12. Зуҳуров Сиёвуш (+91кг)

Варзишгаронро сармураббии дастаи мунтахаб оид ба бокс Мирзо Шамсиев, мураббиён Парвиз Ахмедов ва Аббос Негматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Тибқи низомнома дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.
Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳон, ки 13-20 май дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ дар ҳар вазн аз 3 то 6 роҳхат дода мешавад.