Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Духтарони Душанбе – ғолиби мусобиқаи футзал

Духтарони Душанбе – ғолиби мусобиқаи футзал Духтарони Душанбе – ғолиби мусобиқаи футзал

15.01.2020

: 1135

Мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғалабаи тими Душанбе анҷом ёфт.

Дар мусобиқа, ки ба хотири интихоби номзадҳо ба тими футболбозбонувони то 19-солаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) ташкил карда шуд, 4 даста – Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2 ва ШНТМ иштирок карданд.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд. Футболбозбонувони пойтахт бо роҳбарии сармураббӣ Зебо Қосимова дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуда, медалҳои тиллоро ба гардан овехтанд. Медалҳои нуқра насиби тими ШНТМ ва биринҷӣ насиби дастаи Хатлон-1 гардид.
Дар натиҷа, беҳтаринҳо ба тими бонувони ҷавони Тоҷикистон оид ба футзал (U-19) ҷалб гардида, ба Чемпионати АФОМ-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки аз 24 то 29 январ дар Душанбе сурат мегирад, омодагӣ мебинанд. Футболбозбонувони мо бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев бо ҳамсолонашон аз Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон бозӣ мекунанд.

Натиҷаи мусобиқа:
1-ум давр
Душанбе – Хатлон-2 – 4:3
Хатлон – ШНТМ – 3:4

2-юм давр
Хатлон-2 – Хатлон-1 – 1:5
Душанбе – ШНТМ – 8:2

3-юм давр
ШНТМ – Хатлон-2 – 4:1
Хатлон – Душанбе – 0:2