Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин медалҳои байналмилалии варзишгарони наврас

13.01.2020

: 1424

6-10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон доир гашт, ки муштзанҳои навраси мо сазовори 3 медал – 2 нуқра, 1 биринҷӣ - шуданд.

Дар мусобиқа наздики 200 варзишгари соли таваллудашон 2004-2005 аз минтақаҳои Узбекистон, инчунин дастаҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Россия аз рӯи 15 категорияи вазнӣ барои ба даст овардани ҷойҳои намоён талош карданд.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг сазовор гардиданд. Медали биринҷиро Нурланбек Ёрматов дар вазни 63кг ба гардан овехт.