Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гангвон – мизбони 4-ум Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон

11.01.2020

: 1178

Анҷумани Кумитаи байналмилалии олимпӣ минтақаи Гангвони Кореяи Ҷанубиро ба ҳайси мизбони 4-ум Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон дар соли 2024 интихоб кард.

Аз 82 вакили анҷуман зимни овоздиҳӣ 79 нафар ба ҷонибдории Гангвон, ки ягона номзад буд, овоз доданд. Қарордод бо шаҳри мизбон миёни КБО ва “Гангвон-2024” ба имзо расид.
Ҷои баргузории мусобиқот Пйонгчанг ва Гангнунг, ки соли 2018 Бозиҳои олимпии зимистонаро қабул карда буданд, қабул шудааст. Иштирокчиён дар Донишгоҳи Гангнунг-Вонҷу ҷой карда хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 3-юм Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон имрӯзҳо дар Лозаннаи Швейтсария ҷараён дорад. Дар бозиҳо 1872 варзишгар аз 79 давлат иштирок доранд.