Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мавқеи дзюдочиёни мо дар радабандии нави олимпӣ

17.12.2019

: 1738

Федератсияи байналмилалии дзюдо пас аз натиҷагирии мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар Қингдаои Чин радабандии нави ҷаҳон ва олимпиро нашр кард.

Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол намуд, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми радабандии олимпӣ баромад. Вале дар радабандии ҷаҳон як зина паст – аз ҷои 18- ба 19 фаромад. Темур Раҳимов дар вазни +100кг ду зина боло шуда, дар ҷои 22-юм мавқеъ гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Қингдао дар даври аввал пирӯз гардида, дар даври дуюм мағлуб гашт. Мавқеаш дар радабандии ҷаҳон як зина боло шуд – аз ҷои 27 ба ҷои 26. Мавқеи Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг), ки низ як ғалаба ба даст овард, тағйир наёфт. Ӯ мисли пешин дар ҷои 19-ум аст. Дар радабандии ҷаҳонӣ низ мавқеаш дар ҷои 20-ум бетағйир монд. Сомон Маҳмадбеков (-73кг) бошад, ки низ як пирӯзӣ ба даст овард, як зина паст рафт – аз ҷои 12 ба 13. Дар радабандии ҷаҳон низ як зина паст шуд – аз ҷои 17 ба ҷои 18.
Бо ҳамин, мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2019 ба анҷом расид. То анҷоми марҳилаи интихобии олимпӣ – 1 июни соли 2020 – 9 мусобиқа аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо ва чемпионати Осиё оид ба дзюдо ба нақша гирифта шудааст. Аввалин мусобиқаи соли 2020 Гран Прии Тел Авив мебошад, ки 23-25 январ доир мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 7 варзишгари мо дар назар аст. Охирин сабқати интихобӣ мусобиқаи ситораҳои дзюдо аст, ки 28-30 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.
1 июни соли 2020 Федератсияи байналмилалии дзюдо радабандии олимпиро нашр мекунад, ки 22 нафари беҳтарини ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.