Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар лигаи олии футбол 10 даста бозӣ мекунанд

19.12.2019

: 2077

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти сол, ки 18 декабр доир гашт, зиёд кардани дастаҳоро дар лигаи олӣ – аз 8 то 10 даста – иҷозат дод. Се мавсими гузаштаи лигаи олӣ бо иштироки 8 даста баргузор мешуд.

Ба 7 дастаи лигаи олӣ се дастаи лигаи якум ҳамроҳ мешаванд. “Панҷшер”, ки дар мавсими имсола ҷои охирро ишғол кард, ба лигаи якум мегузарад. Чор даста – “Локомотив-Помир”, “Файзканд”, “Душанбе-83” ва “Парвоз” имкони дар лигаи олӣ бозӣ кардан доранд, аммо 3 дастае роҳхат мегиранд, ки шарту шароити литсензионии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёро иҷро мекунанд.
Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2020 охири моҳи март шуруъ гардида, дар се марҳила доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.
Кумитаи иҷроияи ФФТ қарор қабул кард, ки дар мавсими соли ояндаи лигаи олӣ дастаҳое, ки ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими 2020 ҳаққи иштирок дар лигаи олиро дар мавсими 2021 пайдо мекунанд.
Аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ, ҳамчунин, лоиҳаи маркази техникии Федератсияи футболи мамлакатро, ки сохтмонаш соли оянда шуруъ мегардад, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи ноиби аввали президенти федератсия Хуршед Мирзо, маркази техникии дастаҳои мунтахаби кишвар дар минтақаи Варзоб ҳамчун базаи тамринӣ барои дастаҳои мунтахаби ҳамаи синну соли кишвар сохта мешавад. Марказ дорои меҳмонхона, маркази тиббӣ-тавонбахшӣ, майдонҳо барои тамрин, толор ва ғайраҳо хоҳад буд.