Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи футболи ҷавонон: беҳтаринҳо ҷоиза гирифтанд

28.11.2019

: 1204

27 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони кишвар (U-18) баргузор шуд.

Дар маросим ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, Алишер Урунов, котиби генералии федератсия Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов ширкат намуданд.
Дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев чемпиони Тоҷикистон миёни ҷавонон гардид. Медалҳои нуқраро дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, медалҳои биринҷиро бошад, дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор ба даст оварданд.
Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиаллоҳ Назарзода (“Хатлон”), Шерзод Дадабоев (“Барқчӣ”) ва Партулло Хуршедзода (“Орзу-2026”) беҳтарин бозингарони дигаи ҷавонон эътироф шуданд. Унвони беҳтарин мураббии солро ба Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) лоиқ донистанд. Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Академияи ФФТ) беҳтарин нишонзан (22 гол), Алиҷон Айнӣ (Академияи ФФТ) беҳтарин футболбози чемпионат эълон шуданд.