Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд

Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд Мураббиёни тенниси рӯи миз соҳиби сертификати КБО шуданд

27.11.2019

: 1242

Дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз, ки 20 ноябр оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Дар машғулиятҳои назариявию техникии коршиноси сатҳи байналмилалӣ аз Урдун – лектори Ҳамбастагии олимпӣ Муҳаммад Атум 20 мураббӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ донишҳои худро доир ба техникаву қоидаҳои тенниси рӯи миз, кор бо варзишгарон, варзишгарони маъюб, наврасону ҷавонон такмил доданд ва дар анҷом соҳиби сертификати дараҷаи “А”-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карда, мураббиёнро барои бомуваффақият ҷамъбаст кардани курсҳои омӯзишӣ таҳният гуфт.
Қайд гардид, намуди тенниси рӯи миз як соли охир бо роҳбарии раиси нави федератсия Исмоилзода Мирзо дар кишвар рушд карда истодааст. Чунин курсҳои омӯзишӣ имкон медиҳад, ки мураббиён такмил ёбанд ва варзишгарони сатҳи байналмилалиро омода намоянд.
Муҳаммад Атум дар навбати худ, аз ҷумла зикр кард, ки баргузории чунин курсҳо барои мураббиён ногузир аст, зеро ҳар сол дар намудҳои варзиш усулу техникаҳои нав ҷорӣ мегардад ва албатта варзишгарон тавассути мураббиён бояд аз онҳо огоҳ бошанд. Курсҳои омӯзишӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид, мураббиён аз худ маҳорати баланд нишон доданд. Дар машғулиятҳои назариявию амалӣ 20 мураббӣ ширкат карданд. Агар ҳар мураббӣ дар оянда 5 варзишгар тайёр кунад, пас шумораи варзишгарон ба 100 нафар мерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо анҷоми курси омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ, аз 29 ноябр то 6 декабр аз ҷониби Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз Лоиҳаи рушди сохтори Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ин навбат масъулини федератсия оид ба пешбурди кори федератсия, маъмурияти ташкилот омӯзиш дида, дар якчанд муассисаҳои таълимии умумӣ ва олӣ бо донишҷӯёну хонандагон машғулиятҳо гузаронида хоҳад шуд.