Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон

Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КМОТ бо шаҳри Аомории Ҷопон

20.11.2019

: 1476

20 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо ҳайати намояндагони Ҳукумати шаҳри Аомории Давлати Ҷопон, ки бо роҳбарии мудири Бахши рушди дастаи мунтахаби олимпӣ ва паралимпӣ, рушди варзиш дар маҳал ва масъалаҳои иқтисодии шаҳр, ҷаноби Шинйа Ойама бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард.

Аҳтам Абдуллозода меҳмононро ба Кумитаи миллии олимпӣ хайрамақдам гуфта, ба ҷониби шаҳри Аоморӣ барои қабул ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон қабл аз Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Токио миннатдорӣ баён карда, иброз намуд, ки тамринҳо дар Аоморӣ ба варзишгарони мо кӯмак кард ва онҳо дар Чемпионати ҷаҳон маҳорати баланд нишон дода, варзишгари маъруфи мо Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Шинйа Ойама дар навбати худ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои шаҳри Аомориро ҳамчун шаҳри мизбон барои варзишгарони тоҷик қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 интихоб кардан ташаккур гуфта, иброз намуд, ки барои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон қабл аз Бозиҳои олимпии Токио тамоми шароитро муҳайё мекунанд.
Ҷонибҳо дар идома масъалаҳои ҳамкориро дар соли 2020 ва расонидани кӯмаки техникии шаҳри Аоморӣ ба дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Пас аз мулоқот меҳмонон осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карда, бо дастоварди варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ошно гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Аомории Ҷопон қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 мизбони Тоҷикистон таъин шудааст ва 5 октябри соли 2018 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Давлати Ҷопон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.